02 / ТАЪЛИММактаб ва кӯдакистон
Барномаҳои таълимӣ, маълумот дар бораи омӯзгорон, гурӯҳҳо, реҷаи рӯз, эълонҳо ва тартиби қабул. Сомона ба волидайн ва хонандагон кӯмак мекунад, ки бо муассисаи шумо шинос шаванд.
03 / ТИҶОРАТШиркат ва хизматрасонӣ
Муаррифии ширкат, самтҳои фаъолият, даста, лоиҳаҳо ва хизматрасониҳо. Муштарӣ мефаҳмад, ки шумо чӣ пешниҳод мекунед ва чӣ гуна бо шумо ҳамкорӣ кунад.
04 / ФУРӮШМағозаи онлайн
Каталоги молҳо, гурӯҳбандӣ, аксҳо ва тавсифи маҳсулот. Сабади харид, шакли фармоиш ва дигар имкониятҳоро мувофиқи тарзи кори мағозаи шумо интихоб мекунем.
05 / МУТАХАССИСОНВизитка ва портфолио
Барои ҳуқуқшинос, муҳосиб, омӯзгор, дизайнер, усто ва дигар мутахассисон. Таҷриба, хизматрасониҳо ва намунаҳои кори худро дар сомонаи шахсӣ муаррифӣ кунед.
06 / ХИЗМАТРАСОНӢТарабхона, меҳмонхона ва салон
Меню, утоқҳо, хизматрасониҳо, аксҳо, соатҳои кор ва маълумоти ҷойгиршавӣ. Бо мувофиқа имкони ирсоли муроҷиат ё дархости бандкуниро низ ба сомона илова мекунем.
07 / ҒОЯИ ШУМОҲар соҳаи дигар
Сохтмон, нақлиёт, варзиш, ташкилот ё лоиҳаи нав — фаъолияти худро ба мо шарҳ диҳед. Сохтор ва тарҳи мувофиқро якҷоя муайян мекунем.